ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон « Саид Хатибзода» рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ 18 октябрро рӯзи шикасти Амрико донисту гуфт : дар 18 октябр, ҳам муҷаввизхоҳии содирот ва воридоти аслаҳа лағв ва ҳам маҳдудияти сафари 23 шахсияти ҳуқуқии Эрон бартараф мешавад .
Хатибзода афзуд : Амрико бо вуҷуди тамоми гарданкашиҳо, ҳилагариҳо ва иқдомоти фароқонунӣ натавонист коре аз пеш бибарад ва Эрон бори дигар нишон дод, ки Амрико он қадарҳо ҳам, ки эълом мекунад қудратманд нест .
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард : Эрон дар чорчӯби давлатӣ масъулиятпазир, сулҳу амнияти ҷаҳониро тазмин мекунаду он чӣ дар ҳафтаи баъд бо поёни таҳрими таслеҳотии Эрон иттифоқ меафтад, хориҷ аз ин асл нест .
342/